Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳованнисиён пирӯзии Саркисиёнро қабул надорад


Раффӣ Ҳованнисиён ҳангоми суханронӣ дар тазоҳуроти тарафдоронаш дар Ереван

Раффӣ Ҳованнисиён ҳангоми суханронӣ дар тазоҳуроти тарафдоронаш дар Ереван

Раҳбари мухолифини Арманистон Раффӣ Ҳованнисиён натоиҷи расмии интихоботи рӯзи 18 феврали раёсати ин ҷумҳуриро радд карда, исрор меварзад, ки барандаи воқеъӣ ӯст. Ҳованнисиён ба ҳазорон тарафдори ҷамъшудааш дар Ереван гуфт, ба раисиҷумҳур Серж Саркисиён барои “таҳвили қудрат ба мардуми Арманистон” то шоми чоршанбе фурсат медиҳад. Ӯ гуфт, барои лағви натоиҷи интихобот аз “тамоми шеваҳои қонунӣ” истифода хоҳад бурд. Тибқи натоиҷи расмӣ, Саркисиён бо касби 58,6 дарсади оро ба даври дувуми раёсат даст ёфт. Ҳованнисиён бо 36,8 дарсад дар мақоми дувум ҷой гирифт. Нозирони ғарбӣ мегӯянд, интихобот инбор беҳтар гузашт, вале берақобат буд.
XS
SM
MD
LG