Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ якбора ба 9 кишвар сафар хоҳад кард


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе дар нахустин сафари хориҷиаш дар ин симат роҳии 9 кишвари Аврупову Ховари Миёна хоҳад шуд. Керрӣ то 6 март аз Бритониё, Олмон, Фаронса, Итолиё, Туркия, Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар боздид хоҳад кард. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Керрӣ дар Рум бо мухолифини Сурия ва кишварҳои ҳомии чирикиҳои зидди режими Башор Асад мулоқот мекунад. Керрӣ дар Туркияву Мисру Қатар низ масъалаи Сурияро баҳс хоҳад кард. Ӯ рӯзи 1 феврал Ҳиллӣ Клинтонро дар мақоми вазири хориҷаи Амрико иваз кард.
XS
SM
MD
LG