Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати сарбози дувуми Фаронса дар Малӣ


Харитаи низоъи Малӣ

Харитаи низоъи Малӣ

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, як сарбози фаронсавӣ рӯзи сешанбе дар задухӯрд бо чирикиҳои исломӣ дар шимоли Малӣ кушта шудааст. Аз 11 январ ба ин сӯ, яъне аз оғози амалиёти низомии Фаронса дар ин кишвари Африқои ғарбӣ ин дувумин мавриди ҳалокати сарбозони фаронсавист. Ҳадафи ин амалиёт саркӯб кардани чирикиҳои исломиест, ки шимоли Малиро тасарруф кардаанд. Вазорати дифоъи Фаронса мегӯяд, дар задухӯрди дирӯза беш аз 20 чирикӣ кушта шуданд. Ҳолланд қаблан таъйид кард, ки як хонаводаи фаронсавиҳо, иборат аз 7 нафар, бо шумули 4 кӯдакро дар шимоли Камерун, дар наздикии марзи Нигерия рабудаанд. Бовар меравад, ки ин сайёҳонро ҷангиёни исломӣ аз Нигерия гаравгон гирифтаанд. Хатари ҳамла ба атбоъ ва манфиатҳои Фаронса дар Африқо дар пайи амалиёти низомиаш дар Малӣ афзудааст.
XS
SM
MD
LG