Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди тунди Кореяи шимолӣ алайҳи Кореяи ҷанубӣ


Кореяи шимолӣ дар анҷумани халъи силоҳи СММ Кореяи ҷанубиро таҳдид кард, ки “комилан несташ хоҳад кард.” Сафири Кореяи шимолӣ Ҷон Ёнг Рёнг гуфт, “сагбачаи навзод аз паланг наметарсад” ва агар Сеулу муттаҳидонаш талошҳои худ ҷиҳати эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Пхенянро идома диҳанд, Пхенян баъди озмоиши ҳастаии ҳафтаи гузаштааш метавонад рӯи иқдоми зиёдтар бияндешад. Ин изҳорот ба мавҷи интиқоди кишварҳои дигар рӯбарӯ шуд. Дипломатҳо онро ҳамчун таҳдиди ғайриқобилиқабул алайҳи кишвари узви СММ маҳкум карданд. Озмоиши ахир севумин ва муқтадиртарин озмоиши ҳастаии Кореяи шимолӣ буд. Пхенян мегӯяд, ин озмоишро ба хотири тақвияти иқтидори дифоъии зуд дар муқобили душмании Амрико анҷом додааст. Вошингтон ба эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Пхенян ба далели нақзи қарорҳои СММ исрор меварзад.
XS
SM
MD
LG