Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи қазияи марги як тифли рус дар Техас


Макс Шатто(Максим Кузмин)
Макс Шатто(Максим Кузмин)
Мақомоти Амрико қазияи ҳалокати як писараки сесоларо, ки як хонаводаи амрикоӣ аз Русия ба фарзандӣ гирифта буд, таҳқиқ мекунанд. Мақомоти Русия рӯзи душанбе гуфтанд, ки ин тифл, ки дар Русия Максим Кузмин ва дар Амрико Макс Шатто ном бурда мешаванд, рӯзи 21 январ аз сӯи модархондаш дар аёлати Техас кушта шудааст. Маъмури ҳуқуқи кӯдаки Русия Павел Астахов аз қавли муфаттишони амрикоӣ гуфт, ки он зан кӯдакро мезад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Техас мегӯянд, иттиҳоми бадрафторӣ ҳанӯз собит нашудааст. Сафорати Амрико дар Маскав ин ҳодисаро “фоҷиа” номид, вале гуфт, “гунаҳкор кардан”-и касе то анҷоми тафтиш “бемасъулиятӣ” мебуд. Русия моҳи декабр қонунеро тасвиб кард, ки ба фарзандӣ гирифтани тифлонашро ба атбоъи Амрико манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG