Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори сарвазирони Косово ва Сербистон


Дачич ва Тоҷӣ

Дачич ва Тоҷӣ

Сарвазирони Сербистону Косово дар Брюссел мулоқот карданд. Қарор аст, музокироти баъдӣ бо миёнҷигии ИА рӯзи чоршанбе идома кунад. Музокироти дирӯзаи сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ ва ҳамтои сербаш Ивитса Дачич бидуни кадом изҳорот ба поён расид. Ҳарду дар гузашта низ роҷеъ ба роҳҳои оддӣ сохтани равобит чанд бор мулоқот кардаанд. Истиқлоли 5 сол пеш эълонкардаи Косово аз Сербистонро то имрӯз ҳудуди 100 кишвар эътироф кардаанд, вале Белград то ҳол истиқлоли ин вилояти собиқи умдатан албанишинашро радд мекунад. Вале Сербистон ба хотири беҳтар кардани шонси пайвастанаш ба ИА ба музокироте, ки оддӣ сохтани равобит бо Косово ва касби замонат барои ақалияти серби сокини ин минтақаро ба ҳадаф дорад, ҳамроҳ шуд. Рӯзи 6 феврал руасои ин ду ҷумҳурӣ Томислав Николич ва Отифат Яҳёоғо низ нахустин мулоқоти худро дар Брюссел доир карданд.
XS
SM
MD
LG