Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон санадсози террористон боздошт шуд


Мақомоти Қирғизистон таҳқиқи парвандаи як фарди муттаҳам бо таҳияи аснод барои террористонро оғоз намудаанд. Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон мегӯяд, як сокини 36-солаи вилояти ҷанубии Ӯш боздошт шуд, зеро муфаттишон дар хонаи асноди тақаллубӣ ва аз ҷумла шиносномаи қирғизӣ, ҳуҷҷатҳои низомӣ ва шаҳодатномаҳои таваллуди ин кишвар дарёфт намудаанд. Ҳамчунон дар байни ин санадҳо аксҳои як шаҳрванди Узбакистон ёфт шудааст, ки қаблан бо ҷурми терроризм ҳабс шуда буд. Аз хонаи ин шахс ҳамчунон таҷҳизоти муосири нашри ҳуҷҷат мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG