Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 428 млн $ шудааст


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ 428,2 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба моҳи аввали соли гузашта 7,4 дарсад бештар аст. Аммо аз ҷамъи тиҷорати хориҷии кишвар танҳо 126,4 миллион доллараш аз ҳисоби содироти фаровардаҳои Тоҷикистон ба хориҷ ва 301,8 миллионаш аз ҳисоби воридот будааст. Таносуби байни содирот ва воридоти Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ монда, ба 175 миллион доллар баробар мешавад. Русияву Чин бо 66 ва 65 миллион доллар табодули молу коло шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ ба ҳисоб мераванд.
XS
SM
MD
LG