Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Блейк имрӯз ба Душанбе меояд


Роберт Блейк
Роберт Блейк
Имрӯз, 20 феврал муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ Роберт Блейк бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Тайи ин сафар, ки то 22 феврал давом хоҳад кард, Роберт Блейк бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари аршади давлатӣ мулоқот хоҳад кард. Қарор аст, оқои Блейк дар бозрасии нимсолаи мушовараҳои дуҷонибаи Амрикову Тоҷикистон ширкат варзида, бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ мулоқот кунад. Нахустин мушовараи сиёсии ду кишвар моҳи феврали соли 2010 дар Вошингтон доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG