Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи "беосеб" дар зеристгоҳи ҳаётии "Регар-500"


Аз зеристгоҳи "Регар-500" ба "Талко" 8 хати баландшиддати нерӯи барқ кашида шудааст.
Аз зеристгоҳи "Регар-500" ба "Талко" 8 хати баландшиддати нерӯи барқ кашида шудааст.

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯяд, соли гузашта дар зеристгоҳи "Регар-500" як зеристгоҳи ҳаётӣ барои шабакаҳои барқии Тоҷикистон, садамаи технологӣ ба амал омад, вале паёмади ҷиддие надошт.

Ба гуфтаи манобеи радиои "Озодӣ", садама дар яке аз трансформаторҳои нодири зеристгоҳи барқии Регар-500 ба амал омад, ки барои таъмини нисфи аҳолии Тоҷикистон ва корхонаи тавлиди алюминиум “Талко” бо нерӯи барқ хидмат мекунад.


Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” бо таъйиди ин хабар рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ садама рӯзи 7 июн дар яке аз трансформаторҳои зеристгоҳи Регар-500 ба амал омад, вале дар муддати кӯтоҳе бартараф карда шуд ва таъсири ҷиддие ба кори “Талко” ва шабакаҳои барқии кишвар надошт. Дар ҳисоботи солонаи “Барқи Тоҷик” ҳам, вуқӯъи садамаро зикр карда ва гуфтаанд, ки паёмадҳои он “саривақт бартараф карда шудааст.”


Маълум нест, сабаби фалокат дар трансформатор чӣ будааст, аммо ба гуфтаи манобеи радиои "Озодӣ", ин ҳодиса сабаби барканории чанд корманд шудааст. Зеристгоҳи “Регар-500”, бо ду хати баландшиддати нерӯи барқи 500 киловолтӣ, дар 5 километрии корхонаи “Талко”дар шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст ва корхона аз ин зеристгоҳ бо 8 хати баландшиддати 220 киловолтӣ нерӯи барқ мегирад. Нозирҷон Ёдгорӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар ҳоли садама, трансформатори ёрирасон ба кор андохта мешаванд, то кори трансформатори аз кормондаро ҷуброн кунанд.


Корхонаи “Талко”, дар бораи ин садама то кунун чизе нагуфтааст, аммо дар як ҳисоботи он аз соли 2009 гуфта мешавад, ки “бинобар сабаби амалкардҳои нодуруст дар зеристгоҳи “Регар-500” дар семоҳаи аввали ҳамон сол, бисёре аз электролизҳои корхона барои 50 дақиқа хомӯш шуданд, ки сабаби паёмадҳои манфӣ ва вайрон шудани таҷҳизоти гаронқимати “Талко” шудааст.


Зеристгоҳи “Регар-500” ягона зеристгоҳе аст, ки Тоҷикистонро ба нерӯгоҳи бузурги барқи бухории Сирдарёи Узбакистон ва шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ васл мекунад, агарчӣ ҳоло ба далели аз ин шабака берун шудани Ӯзбакистон, Тоҷикистон ба он васл нест. Барқи Тоҷик мегӯяд, ки дар соли равон бо кӯмаки ниҳодҳои байналмилалии молӣ иҷрои тарҳи “Таҷдиди зеристгоҳи Регар-500” ва “азнавбарқарорсозии таҷҳизоти муҳофизаи релегӣ ва автоматикаи зиддисадамавии “Регар-500 кВ” шурӯъ мешавад."
XS
SM
MD
LG