Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нави муҳоҷирати корӣ дар Узбакистон


 Гузаргоҳи марзии миёни Узбакистону Қазоқистон ( акс аз моҳи августи соли 2012)
Гузаргоҳи марзии миёни Узбакистону Қазоқистон ( акс аз моҳи августи соли 2012)
Сар аз рӯзи якшанбе баъди эълони дастури нави муҳоҷирати корӣ дар марзи миёни Узбакистону Қазоқистон мардуми зиёде банд мондаанд. Рӯзи сешанбе як мансабдори гузаргоҳи марзии Ғишткӯпрук ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун иҷозати убури марзи Узбакистон фақат ба он муҳоҷироне дода мешавад, ки муҷаввиз ё худ литсензияи корӣ дар кишвари кабулкунанда доранду бо ширкати кордиҳанда қарордоди корӣ имзо кардаанд. Ба гуфти вазорати корҳои дохилии Узбакистон ин дастур бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз қочоқи муҳоҳирони кории узбак қабул шудааст. Моҳи гузашта дар ҷаласаи ҳукумати Узбакистон президенти ин кишвар Ислом Каримов вазири корҳои дохилии ин кишварро бо он муттаҳам кард, ки барои ҷавонон ҷойҳои корӣ таъмин намекунад ва аз ин рӯ, онҳо ба мардикорӣ мераванд
XS
SM
MD
LG