Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони бомбгузории Кветта кушта шуданд


Нерӯҳои покистонӣ чор узви як гурӯҳи манъшударо ба қатл расонда, ҳафт каси дигарро боздошт намудаанд. Онҳо бо бомбгузории рӯзи шанбеи гузашта, ки ҳаёти камаш 89 нафарро аз байн бурдааст, муттаҳам дониста мешаванд. Вазири умури дохилии вилояти Балуҷистон Акбар Ҳусайн Дурронӣ мегӯяд, кушташудаҳо масъулони бомбгузории 16-уми феврал буданду яке аз ҳафт каси боздоштшуда, сарпарасти ин ҳамла.
Рӯзи сешанбе сарвазири Покистон Роҷа Парвиз Ашраф фармон додааст, дар ҷавоб ба бомбгузории 16-уми феврал, ки ҳаёти камаш 89 нафарро аз байн бурд, дар шаҳри Кветта амалиёти хос гузаронида шавад. Рӯзи шанбе ҳазорҳо пайрави мазҳаби шиа дар шаҳри Кветта бо тақозои беҳбуди амният дар ин шаҳри ҷанубу ғарбии Покистон раҳпаймоӣ намуданд, вале ҳангоми гирдиҳамоӣ як бомбаи бузург мунфаҷир шуда, боиси талафоти ҷонӣ шуд. Шиаҳо мегӯянд, то замоне, ки ҳукумат барои коҳиши хушунат иқдом накунад, онҳо қурбониҳои бомбгузориро ба хок нахоҳанд супурд. Моҳи январ дар натиҷаи як бомбгузории дигар камаш 86 нафар ва аксаран муслмонони шиамазҳаб ба қатл расида буданд. Рӯзи сешанбе Додгоҳи олии Покистон мақомоти Кветтаро ба хотири нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз хушунати байнимазҳабӣ дар ин минтақа танқид кард.
XS
SM
MD
LG