Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писториусро бо куштор муттаҳам мекунанд


 Оскар Писториус дар толори додгоҳ
Оскар Писториус дар толори додгоҳ
Додситонии Африқои Ҷанубӣ тафсилоти тирпарронӣ дар хонаи Оскар Писториусро, ки бар асари он дар дӯст-духтари ин варзишгари маъруф ба ҳалокат расид, ошкор намуд. Рӯзи сешанбе дар шаҳри Претория ҳангоми арзёбии имкони раҳоии Писториус бар ивази гаравпулӣ додситон Геррӣ Нел гуфт, рӯзи 14-уми феврал Писториус, ки пойҳои сунъӣ роҳ мегардад, ҳафт метр қадам зада, аз пушти дари ҳаммом ба тарафи дӯст-духтараш Рива Стинкамп чор тир холӣ кардааст. Вале вакили мудофиаи Писториус мегӯяд, ки марги Стинкамп на куштор, балки тасофуди фалокатбор будааст. Писториуси 26-сола барандаи чандин медали бозиҳои паралимпӣ дар Африқои Ҷанубӣ қаҳрамон ба шумор меравад. Ӯ сарфи назар аз пойҳои сунъӣ тобистони соли гузашта дар бозиҳои олимпии Лондон бо варзишгарони солим сабқат карда буд.
XS
SM
MD
LG