Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони бомбгузориро ба ҷавобгарӣ мекашанд


Гирдиҳамоии эътирозии мусулмонони шиамазҳаб дар Кветтаи Покистон

Гирдиҳамоии эътирозии мусулмонони шиамазҳаб дар Кветтаи Покистон

Сарвазири Покистон Роҷа Парвиз Ашраф фармон додааст, дар ҷавоб ба бомбгузории 16-уми феврал, ки ҳаёти камаш 89 нафарро аз байн бурд, дар шаҳри Кветта амалиёти хос гузаронида шавад. Рӯзи сешанбе дафтари матбуотии Ашраф таъкид кард, ки амалиёт фавран оғоз ёфта, ҳадафи он маҳви афродест, ки масъулияти куштори мардуми бегуноҳро бар дӯш доранд. Рӯзи шанбе ҳазорҳо пайрави мазҳаби шиа дар шаҳри Кветта бо тақозои беҳбуди амният дар ин шаҳри ҷанубу ғарбии Покистон раҳпаймоӣ намуданд, вале ҳангоми гирдиҳамоӣ як бомбаи бузург мунфаҷир шуда, боиси талафоти ҷонӣ шуд. Шиаҳо мегӯянд, то замоне, ки ҳукумат барои коҳиши хушунат иқдом накунад, онҳо қурбониҳои бомбгузориро ба хок нахоҳанд супурд. Моҳи январ дар натиҷаи як бомбгузории дигар камаш 86 нафар ва аксаран муслмонони шиамазҳаб ба қатл расида буданд. Рӯзи сешанбе Додгоҳи олии Покистон мақомоти Кветтаро ба хотири нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз хушунати байнимазҳабӣ дар ин минтақа танқид кард.
XS
SM
MD
LG