Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъомади фаъолони ҳуқуқи башар дар Женева


Дар шаҳри Женева бори панҷум фаъолони ҳуқуқи башари Эрон, Қазоқистон, Кореяи Шимолӣ, Русия, Сурия ва Тибет барои ширкат дар нишасти баландпояи Ҳуқуқи башар ва Демократия ҷамъ шудаанд. Мулоқоти рӯзи сешанбе як ҳафта пеш аз ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ доир шудааст. Ташкилкунандагони нишаст мегӯянд, ҳадафи онҳо ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли олам ба масъалаҳои ҳуқуқие мебошад, ки ба расидагии саросарӣ ниёз доранд. Нишастро 20 гурӯҳи иборат аз 20 созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи башар сарпарастӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG