Пайвандҳои дастрасӣ

СММ:шумораи қурбониҳои осоиштаи афғон коҳиш ёфт


СММ мегӯяд, барои аввалин бор дар шаш соли гузашта дар Афғонистон шумораи қурбониҳои мулкӣ коҳиш ёфтааст. Дар гузориши СММ омадааст, ки дар айни замон ҳамлаҳои ошӯбгарон болои мансабдорони давлатӣ, пирони қабилаҳо ва пешвоёни маҳалҳои Афғонистон дар соли 2012-ум 700 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки соли 2012-ум камаш 2754 афғони мулкӣ кушта шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2011-ум, ки дар он 3131 нафар ба қатл расидаанд, 12 дар сад камтар аст. Ба ақидаи СММ масъулияти 80 дар сади ҳамлаҳо бар дӯши Толибон аст. СММ мегӯяд, ки соли 2012-ум камаш 107 ходими мулкии афғон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG