Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё мехоҳад барои берун кардани таҷҳизоти низомии худ аз Афғонистон, аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунад.

Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон умедвор аст, созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи интиқоли таҷҳизоти ҷангӣ ва низомиёнаш аз Афғонистон тавассути қаламрави ин кишвар ба зудӣ имзо шавад. Ин тарҳ ду моҳи пеш барои омӯзиш ва баррасӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тақдим шудааст.

Ҷамшед Раҷабов, мушовири сиёсии сафорати Бритониё дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, чанд рӯз қабл зимни мулоқоти сафири Бритониё ва вазири нақлиёти Тоҷикистон, мавзӯи берунрафти низомиён ва интиқоли таҷҳизоти ҷангии нерӯҳои бритониёӣ аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Вай афзуд, «ҳоло Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли гирд овардани назару пешниҳодҳои ниҳодҳои зирабти кишвар дар ин замина аст. Мо ин ҳама пешниҳоду эродҳоро ба Лондон барои баррасӣ ва гирифтани тасмими ниҳоӣ хоҳем фиристод. Мо умеворем, ки ин ҳама масъалаҳо дар наздиктарин фурсат ҳалли худро пайдо мекунанд ва созишномаи мазкур ҳарчӣ зудтар ба имзо мерасад.»


Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, то пазируфта шудани тарҳ, шарту шароити он ошкор намешавад. Вай аз ҷумла мегӯяд, «созишномаи мазкур аз бандҳои зиёд иборат аст ва дар ҳоли ба имзо расидани он тамоми ҷузъиёти он гуфта хоҳад шуд.»

Гуфтушуниди Лондон ва Душанбе дар мавриди истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои хуруҷи нерӯҳои бритониёӣ аз Афғонистон дар ҳоле идома дорад, ки вазири дифои Бритониё Филипп Ҳаммонд гуфтааст, кишвараш дар ивази интиқоли лавозимот ва таҷҳизоти низомӣ аз Афғонистон тариқи Узбакистон, ба Тошканд ба маблағи 700 ҳазор доллар мошинҳои гуногуни ғайринизомӣ тақдим мекунад.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамчунин қарор аст, Бритониё бархе аз лавозимоти ҳарбиро бо нархи арзон ба Узбакистон фурӯшад. Созишномаи мазкур дар порлумони Узбакистон ба тасвиб расида, баъд аз иҷрои бархе аз расмиёт эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Маълум нест, дар ин ҳолат чаро Бритониё бо айни дархости иҷозаи интиқоли лавозимоту таҷҳизоти ҳарбии худ ба Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Бритониё дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон 9000 сарбоз, 6500 контейнер ва 2600 мошини ҳарбии ғайриҷангӣ дорад. Бархе аз коршиносон тахмин мезананд, ки Лондон барои эҳтиёт мехоҳад, кафолати истифода аз ду масири шимолиро дошта бошад. Аммо дар ҳоле, ки имтиёзҳои Узбакистон дар ин замина маълум шудаанд, дастоварди эҳтимолии Тоҷикистон ҳанӯз рӯшан нест.

Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд ва мегӯянд Тоҷикистон омодааст, дар ин масъала бо ҳамаи кишварҳои НАТО ҳамкорӣ кунад. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин робита гуфт, «чун масъалаи принсипиалӣ истифода аз масирҳои Тоҷикистон буд, мо гуфтем, ки Амрико метавонад барои берунрафти нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, аз қаламрави Тоҷикистон кор барад.»

Аз замони матраҳ шудани хуруҷи НАТО аз Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, аз ин тарҳ барои худ суд бардоранд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа аз ин тарҳ фоидаи камтаре ба даст хоҳад овард. Онҳо тахмин мезананд, ки баҳраи Узбакистон дар ин тарҳҳо аз Тоҷикистон дида ба маротиб бештар хоҳад буд, ҳарчанд кишварҳои Ғарб аз сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар интиқол мекунанд ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон изҳороти охири вазири дифои Бритониёро “ёрмандӣ барои қатли оми дигари Андиҷон” номидаанд. Онҳо ба рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005, яъне тирандозӣ ба тазоҳуркунандагон ишора кардаанд, ки дар натиҷаи он даҳҳо ё садҳо нафар кушта шудаанд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ҳарчанд нигоҳи ғарбиён ба Тоҷикистон нармтар аст. Боз ҳам кишварҳои НАТО ба Узбакистон таваҷҷуҳи бештар нишон медиҳанд:

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

«Бо вуҷуди он, ки Узбакистонро зиёд танқид мекунанд, аммо дар амал бо роҳбари ин кишвар муносибати зич доранд. Яъне онҳо намехоҳанд, ки муносибати худро бо Узбакистон вайрон кунанд , зеро дар сурати интихоби қаламрави Тоҷикистон, эҳтимоли сардтар шудани муносибати онҳо бо Каримов вуҷуд дорад. Яъне ин масъалаи геополитикӣ аст. Зеро Фаронса аллакай эълон кард, ки тариқи Узбакистон нерӯҳои худро берун хоҳад овард ва Амрико низ дар ҳамин фикр аст. Ва ҳамчунин сару садоҳое низ мавҷуд аст, ки намояндагии ҳарбии худро дар ин кишвар боз хоҳанд кард ва як маркази умумиро дар Тошканд ба хотири гуё нигаҳдории субот дар Осиёи Миёна ифтитоҳ мекунанд. Яъне ин кишварро чун таъсиргоҳи худ дар минтақа интихоб хоҳанд кард.»

Дар маҷмӯъ, то соли 2014 НАТО бояд аз Афғонистон 70 ҳазор техникаи низомӣ ва 120 ҳазор контейнер бо таҷҳизоти ҳарбиро берун орад. Ба зудӣ рӯшан хоҳад шуд, ки чӣ бахше аз ҳамаи он ба воситаи Тоҷикистон хоҳад гузашт ва кишвар аз додани иҷозаи интиқол чӣ бурд хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG