Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди муҳоҷирати Тоҷикистон дар «Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ»


Абдулло Қодирӣ, сардори дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, 19 феврал ба радиои “Озодӣ» гуфт, ки таҳлили вазъи муҳоҷират ва раванди муҳоҷирати кории Тоҷикистон аз нигоҳи фалсафаву сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дар китоби «Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ» ба риштаи таҳқиқ кашида шудаст. Китоби мазкур дастури таълимие мебошад, ки муҳақиққони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 89 саҳифа ба табъ расониданд ва он ба паҳлӯҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои он, шакл ва методи баҳисобгирии муҳоҷирати аҳолӣ, сиёсати давлатии Тоҷикистон дар ин бора, асосҳои қонунии раванди муҳоҷират ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба муҳоҷират бахшида шудааст. Ин китоб барои кормандони давлатӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират сари кор доранд, тавсия гардида, инчунин, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои кор сафар мекунанд, муфид хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG