Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони ду ноҳияи Тоҷикистон аз кор озод шуданд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солиҳовро ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва Усмон Сабзовро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин кард. Бо фармони дигари президент, ҳамчунин, Султон Валиев ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон озод ва Рустам Латипов иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG