Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рисолаи илмии Жириновский воқеият аст?


Владимир Жириновский
Владимир Жириновский
Имкон дорад Владимир Жириновский-раиси ЛДПР-и Русия аз масъунияти намояндаии порламон маҳрум шавад. Писари вай Игор Лебедев дар рӯнависии рисолаи илмӣ барои падараш даст дорад.

Иля Пономарёв-яке аз ҳамҳизбиҳои Жириновский дар Думаи Давлатӣ аз додситонӣ дархост кардааст, ки қонунӣ будани ҳимояи рисолаи Жириновскийро тафтиш кунанд.

Даъвогарон мегӯянд, ки рисолаи илмии Жириновский зери унвони “Гузашта, ҳозира ва ояндаи миллати рус”, ки Жириновский 24 апрели соли 1998 дар фокултаи ҷомеашиносии донишгоҳи давлатии Маскав ҳимоя кардааст, ғайриқонунӣ мебошад.

Пономарёв аз додситонӣ хостааст, ки агар қонуншикании Жириновский исбот шавад, вай бояд аз масъунияти вакили порламон маҳрум шавад.

Ин моҷаро замоне бархост, ки блогнависон дар як сомонаи интернетӣ кори Лебедев-писари Жириновскийро пайдо кардаанд ва муқоиса кардаанд, ки вай рисолаҳои илмии дигаронро барои падараш рӯнавис кардааст.

Лебедев нахостааст дар ин бора бо матбуот сӯҳбат кунад.
XS
SM
MD
LG