Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби дуввуми тазоҳуроти эътирозӣ дар Булғористон


Дар назди бинои порламони Булғористон дар София эътирозкунандагон бо пулис вориди задухурд шуданд. Шаби дуввум аст, ки гурӯҳе аз мардум дар майдон гирдиҳам омадаанд ва бар зидди нархи баланди барқ, даромади ками аҳолӣ ва ақибмондагии иқтисодӣ эътироз мекунанд.

Тазоҳуркунандагон истеъфои ҳукумати марказгарои ростро талаб мекунанд ва қуттиҳои хокрӯбаҳоро чаппа кардаанд. Бино ба гузоришҳо, дастикам 3 нафар боздошт шудаанд.
Дар бораи тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳрҳои дигари Булғористон низ гузоришҳо ба нашр расидаанд. Рӯзи якшанбе дар бештар аз 30 шаҳри ин кишвар ҳазорон нафар ба тазоҳуркунандагон пайвастанд.

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар ин кишвар интихоботи порламонӣ дар назар гирифта шудааст.

Булғористон 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG