Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уго Чавес ба Венесуэла баргашт


Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла, баъд аз ду моҳи табобат дар Куба, ба ватан баргашт. Дар ин бора ӯ дар Твиттер хабар дод ва барои ин аз Худо ва "мардуми азиз"-аш арзи сипос намуд. Чавес ҳамчунин навиштааст, ки бояд табобатро идома диҳад.

Раисиҷумҳури 58-солаи Весесуэла ба бемории саратон гирифтор аст. Баъд аз се амалиёти ҷарроҳӣ дар Куба ӯ эълом дошт, ки комилан шифо ёфтааст ва дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад. Аммо баъд аз пирӯзӣ дар интихобот маҷбур шуд, ки боз барои идомаи табобат ба Куба равад.

Маросими савгандёдкунии Чавесро, бояд 10 январ баргузор мешуд, мавқуф гузоштанд.
XS
SM
MD
LG