Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз Сафархоҷа Партоев дифоъ мекунад


Сафорати Қазоқистон дар Душанбе, ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаҳрванди ин кишвар Сафархоҷа Партоевро таҳти назорат дорад.

Дар ин бора намояндаи вазорати умури хориҷии Қазоқистон Жанболат Усенов дар нишасти хабарӣ дар Остона иттилоъ дод. Ӯ бо такя ба иттилои пайвандони Партоев гуфт, ки касе шаҳрвандони Украинаро гаравгон нагирифта буд, онҳо озодона дар шаҳри Душанбе гуштугузор мекарданд ва бо пайваста бо наздикони худ робита доштанд.

Аз ин пеш ҳам наздикони шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки ӯ дар гаравгонгирӣ даст надорадҶ балки дар як тиҷорати мошини сабукрав аз тарафи украиниҳо ноҳаққӣ дидааст. Хешони Пратоев гуфтанд, аслан ҳодисаи гаравгонгирӣ дар миён набуд, танҳо гуфтушуниде бо онҳо ҷараён дошт, то хисороти молӣ ҷуброн шавад.

Дар ин байн украиниҳо дар манзили Шаҳбози Абдуҳалим, шаҳрванди Тоҷикистон ва харидоре, ки гуфта мешавад, пули худро аз даст додааст, истиқомат мекарданд ва интизори расидани маблағ аз Украина буданд. Бо вуҷуди ин, эҳтимол меравад, ки украиниҳо аз озодии комил бархӯрдор набуда, биноан, худро гаравгони Шаҳбози Абдуҳалим ва Сафархоҷа Партоев арзёбӣ мекарданд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомии Тоҷикистон рабуда шудани соҳибкорони украинӣ 27-уми январ ошкор шуда, амалиёти раҳоии онҳо аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми январ ҷараён гирифт.

Ба иттилои расмӣ, одамрабоён - шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим, дар ивази раҳоии украиниҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, вале ба ниҳодҳои Тоҷикистон муяссар шуд, ки гаравгонҳоро бидуни пардохти маблағ раҳо кунанд.

Жанболат Усенов гуфт, ки сафарати Қазоқистон дар Душанбе ду бора – 9 ва 13 феврал аз вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хостори додани иттилои расмӣ ва ташкили мулоқот бо шаҳрванди боздоштшудаи Қазоқистон гардид, аммо посухе нагирифт. Бар пояи бархе хабарҳо, Қазоқистон шаҳрванди худ Партоевро бо вакили мудофеъ таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG