Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз шаҳрванди боздоштшудааш дифоъ мекунад


Сафорати Қазоқистон дар Душанбе ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаҳрванди кишвар Сафархоҷа Партоевро таҳти назорат дорад.

Дар ин бора намояндаи вазорати умури хориҷии Қазоқистон Жанболат Усенов хабар дод. Дар нишасти хабарӣ дар Остона ӯ бо такя ба иттилои пайвандони Партоев гуфт, ки шаҳрвандони Украинаро касе гаравгон нагирифтааст, онҳо озодона дар шаҳри Душанбе сайругашт мекарданд ва бо пайвандонашон пайваста дар тамос буданд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки рабуда шудани соҳибкорони украинӣ 27-уми январ ошкор шуда, амалиёти раҳоии онҳо аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми январ ҷараён гирифтааст. Одамрабоён, ки яке аз онҳо шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев мебошад,дар ивази раҳоии украиниҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, вале ба ниҳодҳои Тоҷикистон муяссар шуд, ки гаравгонҳоро бидуни пардохти маблағ раҳо кунанд.

Жанболат Усенов гуфт, ки сафарати Қазоқистон дар Душанбе ду бора – 9 ва 13 феврал аз вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хостори додани иттилои расмӣ ва ташкили мулоқот бо шаҳрванди боздоштшудаи Қазроқистон гардид, аммо посухе нагирифт. Бар пояи бархе хабарҳо, Қазоқистон шаҳрванди худ Партоевро бо вакили мудофеъ таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG