Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Виталий Герасимов ба Тоҷикистон ба таъхир афтод


Сафари Фармондеҳи Ситоди неруҳои мусаллаҳи Русия ба Тоҷикистон ба вақти номаълум мавқуф гузошта шуд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки сафари фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Виталий Герасимов аз ҷониби Вазорати дифои ин кишвар ба давраи номаълум мавқуф гузошта шуд. Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, то кунун сабаби лағви ташрифи Виталий Герасимов низ шарҳ дода нашудааст. Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, имрӯз дар ин ниҳод барномаи мулоқотҳои фармондеҳи Ситоди неруҳои мусаллаҳи Русия мушаххас буд. Дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, интизор мерафт генерал Виталий Герасимов бо мақомоти низомии Тоҷикистон дидор ва ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ- фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд.
XS
SM
MD
LG