Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дел Понте: Замони тафтиши ҷиноёт дар Сурия расидааст


Карла дел Понте
Карла дел Понте
Гузоришгари СММ Карла дел Понте гуфт, ки замон ба тафтиши ҷиноятҳои низомӣ дар Сурия шурӯъ кардани Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ фаро расидааст.

Хонум дел Понте,додситони собиқи Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ ва узви нави комиссиюни тафтиши ҳаводиси Сурия, рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Женева афзуд, ки онҳо ахиран гузориш дар бораи вазъ дар Сурия баъд аз ду соли низоъро нашр карданд. Дар ин гузориши 131 сафҳагӣ далелҳои фаровони ҷиноёти низомӣ, аз ҷумла, куштору шиканҷа ҳам аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам аз сӯи мухолифини мусаллаҳи Димишқ оварда шудааст.

Ба гуфтаи Карда дел Понте, қарор аст, ки комиссиюни тафтиши ҳаводиси Сурия моҳи оянда рӯйхати махфии гумонбаронро дар ихтиёри Идораи ҳуқуқи башари СММ гузорад.

Ба иттилои СММ, бар асари низоъ дар Сурия тақрибан 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG