Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми Арманистон сарвари навро интихоб мекунанд


Имрӯз дар Арманистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ мегузарад. Аз соати 8-и субҳ дар қаламрави кишвар 1988 қитъаи интихоботӣ дарҳои худро боз карданд, то ки 2,5 миллион шаҳрвандон раъй диҳанд.

Барои дарёфти мақоми сарвари Арманистон 7 номзад, аз ҷумла, раисиҷумҳури феълӣ Серж Саргсян мубориза мебаранд. Бар пояи назарпурсиҳо, Саргсян барои пирӯзӣ шонси бештар дорад. Раиси ҳизби мухолифин “Мерос” Раффӣ Ованнисян рақиби асосии ӯ маҳсуб мешавад.

Интихобот дар ҳоле баргузоршуда шумурда мешавад, ки дар он 50 дар сади мардуми соҳиби ҳаққи раъй ширкат кунанд.

Интихоботи феълӣ – шашумин маъракаи интихоботӣ дар Арманистон баъд аз дарёфти истиқлол дар соли 1991 аст.
XS
SM
MD
LG