Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи "кайҳонӣ"-и чиптаҳо. Қимати сӯзишворӣ ё оғози мавсими муҳоҷират?


Мақомоти тоҷик боло рафтани қимати чиптаҳои ҳавопайморо ба афзоиши нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд.

Каримҷон Абдуллоев, раиси Агентии алоқаҳои ҳавоии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар се-чаҳор рӯзи ахир нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба ҳамаи самтҳо аз 100 то 180 евро гаронтар шудаанд.

Агар се рӯз қабл нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Санкт Петербург 1650 сомонӣ буд, ҳамакнун ба 2750 сомонӣ баробар шудаст. Нархи билети хатсайри Душанбе-Сочӣ дар ҳоли ҳозир 2037 сомонӣ мебошад.

Ба қавли Каримҷон Абдуллоев, билетҳо дар хатсайри Душанбе Маскав, Душанбе- Самара, ҳамчунин ба Чину Ҳиндустон ва Туркияву Имороти Муттаҳидаи Араб гарон шудааст.

Сабаби болоравии нархи чиптаҳоро Каримҷон Абдуллоев ба афзоиши қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рабт дод. Ҳоло ба унвони мисол ширкати «Тоҷикэйр» барои 1 тонна карасин 1800 доллари амрикоӣ харҷ мекунад. Бар иловаи ин, ширкати «Сомонэйр» ва дигар ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, нархи билетҳои худро боло бурдаанд. Аммо ба гуфтаи Каримҷон Абдуллоев, «Тоҷикайр"- ягона ширкати давлатӣ, ба фарқ аз рақибони худ, билетҳои худро аз 10 то 15 евро арзонтар мефурӯшад.

Нархи чиптаи ҳавопаймо дар ҳоле боло рафтааст, ки ҳамакнун мавсими ҳаракати мавҷи муҳоҷирон ба сӯи Русия оғоз шудааст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар баҳори соли гузашта низ боло рафтани қимати чиптаҳои худро ба афзоиши нархи маводи сӯхт марбут дониста буданд.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон шояд ягона давлатест, ки бо вуҷуди баҳрабардорӣ аз маблағи муҳоҷирони корӣ, чиптаҳои мавсимӣ ҷорӣ накарда ва ба муҳоҷирон имтиёз пешниҳод намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG