Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як узви Ҳаракати исломии Узбакистонро ба даҳ соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Фахриддин Бозоров, як гумонбаршудаи узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистонро ба даҳ соли зиндон ва мусодираи молу мулк ва нигаҳдорӣ дар зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Фахриддин Бозоров, сокини 40-солаи шаҳри Панҷакент ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи нерӯҳои амниятии тоҷик дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуда буд.

Мусалмон Шарифов, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва масъули ин парванда гуфт, ки Фахриддин Бозоров аз рӯи ду банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ҳамдастӣ ба созмони фаъолияташ мамнӯъ, гунаҳкор дониста мешавад.

Ба гуфта вай, Фахриддин Бозоров солҳои 2000 -2010 узвияти ин созмонро дошта, пайваста дар барномаҳои он иштирок доштааст. Ба гуфтаи додрас, яке аз шарикони вай бо номи Азамат Элмурзоев дар Афғонистон омӯзиш дида, дар ноҳияи марзии Панҷ тобистони соли гузаштаи 2012 аз сӯи нерӯҳои амниятии тоҷик боздошт ва низ равонаи зиндон гаштааст. Ба гуфтаи додгоҳи Панҷ, Азамат Элмурзаев аз моҳи августи соли 2010 то моҳи феврали соли 2011 ба таври ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шуда, дар ҳайати Толибон ба муқобили низомиёни НАТО чанд маротиба дар муҳорибаҳои низомӣ ширкат кардааст.


Вай моҳи август ба шаҳри Мироншоҳи Покистон рафта, дар маркази ҷамоати "Ислом ҷиҳод иттиҳоди", ки яке аз гуруҳҳои Ҳизби исломии Туркистон будааст, то моҳи июни соли 2012 қарор гирифтааст. “Дар ин муддат ӯ дар марказҳои таълимдиҳии ҷамоати "Ислом ҷиҳод иттиҳоди" истифодаи силоҳҳои гуногуни оташфишон, истифода ва омода кардани воситаҳои таркишро омӯхта, дар ҳайати ҷамоати мазкур дар муҳорибаҳои ҳарбӣ бар зидди қувваҳои ҳарбии ҳукумати Покистон иштирок кардааст.”

Дар ҳамин ҳол вакилони дифои Фахриддин Бозоров аз ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд норозӣ шуда, мегӯянд, ки ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят бурдаанд.

Файзинисо Воҳидова, яке аз вакилони дифоъ гуфт: “Тибқи парванда зерҳимояам, Бозоров соли 2000 - ум дар Русия бо Анвар ном сокини ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, гӯё бо даъвати вай ба ҲИУ пайвастааст. Вале додгоҳ шахсияти Анварро муайян накардааст. Ҳамчунин дар мурофиа даъвоҳои мақомоти тафтишот, ки Бозоров гӯё дар Русия аз аъзои фаъоли ҲИУ дарс омӯхтааст, бо шаҳрвандони Доғистону Чеченистон ошноӣ пайдо карда, аз онҳо видеокассетаҳо дар бораи барномаву амалҳои террористиву ҷиҳод дастрас кардааст ва чандин нафаронро барои шомил шудан ба ин созмон даъват кардааст, ба исбот нарасиданд.”

Додгоҳи Хуҷанд дар авоили моҳи ҷорӣ як сокини ноҳияи Истаравшанро низ дар ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистион (ҲИУ) гунаҳкор ва ба нуҳу ним соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд. Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ низ дар як амалиёт дар ноҳияи Масчоҳ як узви эҳтимолии ҲИУ боздошт шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳаракати исломии Узбакистонро як созмони ифротгарою террористӣ шинохта, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар расман манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG