Пайвандҳои дастрасӣ

Масъуд: Карзай бо изҳороти ахираш Толибонро ба расмият шинохт


Аҳмад Зиё Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи миллии Афғонистон зимни суханронӣ дар конфронси "Баррасии чошиҳои мавҷуди Афғонистон". Кобул, 17-уми феврали соли 2013.

Аҳмад Зиё Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи миллии Афғонистон зимни суханронӣ дар конфронси "Баррасии чошиҳои мавҷуди Афғонистон". Кобул, 17-уми феврали соли 2013.

Ҷабҳаи миллии Афғонистон мегӯяд, ки тасмими раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай роҷеъ ба мутаваққиф сохтани амалиёти ҳавоӣ аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар, сабаби афзоиши ноамниҳо мегардад.

Ба бовари Ҷабҳаи миллии Афғонистон, агар амалиёти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон мутаваққиф гардад, ин масъала метавонад сабаби густариши фаъолияти Толибон аз деҳаҳо то сатҳи ноҳияҳо афзоиш ёбад.

Аҳмад Зиё Масъуд, раҳбари ин Ҷабҳа рӯзи якшанбе дар нишасте таҳти унвони «Баррасии чолишҳои мавҷуди Афғонистон» гуфт, ки бидуни ҳимояти нерӯҳои ҳавоӣ, низомиёни афғон наметавонанд бо мухолифони мусаллаҳ биҷанганд.

Оқои Аҳмад Зиё Масъуд аз ҷумла гуфт: «Суханони шаби гузаштаи раиси ҷумҳур, ҳокимияти Толибонро тақрибан дар деҳаҳо ва ҷамоатҳои Афғонистон ба расмият шинохт. Гуфт, дигар касе набояд бамборон кунад. Маънии ин чӣ аст? Акнун сарбозони мо ҷанги заминӣ наметавонанд. Амалиёти ҳавоиро мутаваққиф сохтан ба ин маънӣ аст, ки деҳаҳо ба Толибон суқут карда ва оҳиста-оҳиста онҳо ба шаҳрҳои бузург омада ва вулусволиҳоро муҳосира мекунанд.»

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбеи 16-уми феврал гуфта буд, ки ниҳодҳои амниятии ин кишвар аз ин пас набояд ҳини анҷоми амалиёташон, хостори ҳимояти ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ шаванд. Ҳомид Карзай дар ҷараёни дидор аз Академияи миллии низомии Афғонистон дар Кобул гуфтааст, ки ба зудӣ дар ин маврид ҳукмеро содир хоҳад кард: «Имрӯз аз ҳамин ҷо эълом мекунам ва фардо ҳукм ҳам дар ин иртибот содир менамоям, ки ҳеҷ қуввати низомӣ-амниятии Афғонистон дар ҳеҷ гуна ҳолат бар хонаҳо ва қаряҳои мо ҳавопаймоҳои хориҷиро барои амалиёт хоста наметавонад.»

Раиси ҷумҳури Афғонистон ишора ба ҳамлаи ҳавоии чанд рӯз қабли сарбозони хориҷӣ дар вилояти Кунар намуда гуфт, ки фармондеҳи умумии нерӯҳои байналмилалӣ мустақар дар Афғонистон дар мулоқот бо ӯ гуфтааст, ки масъулини амнияти милии ин кишвар ҳини роҳандозии амалиёт дар ин вилоят, аз онҳо тақозои ҳимояти ҳавоӣ кардаанд. Дар ин амалиёт шуморе аз ғайринизомиён кушта шуданд.

Ин изҳороти раиси ҷумҳури Афғонистон бо мухолифати шуморе аз коршиносон ва таҳлилгарони афғон рӯбарӯ шуд. Ба эътиқоди онҳо, дар ҳоли ҳозир нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба тавр комил муҷаҳҳаз нашудаанд ва ба ҳимояти нерӯҳои хориҷӣ ниёз доранд.

Дар бахши дигаре аз конфронси “ Баррасии чолишҳои мавҷуди Афғонистон”, раҳбари Ҳизби Афғон миллат” ба мавзӯи раванди сулҳ дар ин кишвар ишора карда ва аз ҳукумат интиқод кардааст, ки дар гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон мавқифи рӯшан надорад.

Аммо мақомҳои афғон ҳамвора таъкид кардаанд, ки дар хусуси музокирот бо Толибон сиёсати рӯшан доранд. Онҳо мегӯянд, то замоне, ки Толибон музокира бо ҳукумати Афғонистонро напазиранд, Қонуни асосӣ ва дастовардҳои даҳ соли гузаштаи ин кишварро эҳтиром накунанд, бо онҳо музокирот нахоҳанд кард.

Аз сӯи дигар, раҳбарони Афғонистон, Покистон ва Бритониё дар саввумин нишасти сеҷониба дар Лондон тавофуқ карданд, ки дар шаш моҳи оянда бояд барои барқарории сулҳи Афғонистон ва музокираи бо мухолифони мусаллаҳ, ба як тавофуқ даст ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG