Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Доғистон боз 3 ҷангиро куштаанд


Нирӯҳои амниятӣ дар ҷумҳурии Доғистони Русия се ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки ҷангиён субҳи якшанбе дар ҷангале пинҳон шуда, алайҳи афсарони амниятӣ, ки минтақаро ҷустуӯ мекарданд, оташ кушодаанд. Як мақоми Кумитаи тафтишоти Доғистон ба Интерфакс гуфтааст, ки раҳбари ин гурӯҳ Дониёл Заргалов ҳамчун амири ҷабҳаи шимол шинохта мешуд. Маскав баъди ду ҷанг алайҳи ҷудоихоҳони чечен инак беш аз 10 сол боз дар Доғистон ба муқовимати чирикиҳои исломӣ рӯбарӯст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин ошӯб аз мазҳабу фасод ва норозигӣ аз шеваи шадиди ҳокимони маҳаллӣ алайҳи ҷангиёни эҳтимолӣ ва аҳли хонаводаҳои онҳо маншаъ мегирад.
XS
SM
MD
LG