Пайвандҳои дастрасӣ

Осори рассомони тоҷик дар музоядаи Sotheby’s


Наққошии рассоми тоҷик Марям Сафарова

Наққошии рассоми тоҷик Марям Сафарова

Sotheby’s , яке аз мӯътабартарин ширкатҳои музоядаи дунё, барои нахустин бор ба фурӯши наққошиҳои рассомони тоҷик иқдом мекунад. Sotheby’s қасд дорад, аз 4 то 12 март дар Лондон намоишгоҳ ва фурӯши 50 наққошӣ аз кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ, аз ҷумла осорони рассомон аз Тоҷикистонро созмон диҳад. Ин иқдом барои наққошони тоҷик, ки то ҳол як бозори дурусти фурӯши осори худро надоштанд, роҳро ба бозори ҷаҳонии фурӯши осори ҳунарӣ боз мекунад.
XS
SM
MD
LG