Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи пораҳои шиҳоб ҳанӯз натиҷа надодааст


Маҳалли суқути як пораи шиҳоб дар Чебаркӯл
Маҳалли суқути як пораи шиҳоб дар Чебаркӯл
Амалиёти поксозӣ дар маҳалли инфиҷори шиҳоб дар Русия идома дорад. Ин ҷурми осмонӣ субҳи ҷумъа дар вилояти Челябинск таркид. Шиддати инфиҷоре, ки шишаҳои 4000 манзилро шикаст ва ҳудуди 1200 нафарро ғолибан аз шишаҳои шикаста захмӣ кард, 20 маротиба қавитар аз таркиши бомби атомӣ дар Ҳирошима баровард мешавад. Мақомоти Челябинск мегӯянд, барои тармими шишаҳо, тавзеъи либоси гарму ғизо ва ёриҳои дигар беш аз 24 000 нафар ҷалб шудаанд. Вале ҷустуҷӯи пораҳои бузургтари шиҳоб, аз ҷумла дар умқи кӯли Чебаркӯл ҳанӯз натиҷае наовардаанд.
XS
SM
MD
LG