Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам 20 кушта дар таркишҳои Бағдод


Силсилаи бомбгузориҳо дар манотиқи шиъанишини Бағдод дастикам 20 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳамлаҳо дар Садр, Ҳабибия, Қоҳира ва дастикам ду минтақаи дигари пойтахти Ироқ сурат гирифтаанд. Бомбгузориву ҳамлаҳои маргталабона алайҳи шиъаҳо ва нирӯҳои амниятӣ аз оғози сол афзоиш ёфтааст, ки як аломати талоши чирикиҳои суннӣ барои дубора ба домани хушунатҳои мазҳабӣ кашондани Ироқ талаққӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG