Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳуҷраҳои бозпурсӣ камера хоҳанд монд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай амр дод, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шиканҷа тамоми таъсисоти бозпурсиро бо видеокамераҳо муҷаҳҳаз кунанд. Ин амр дар пайи таҳқиқотест, ки давлати Афғонистон дар посух ба гузориши ахири СММ ба роҳ андохт. Гузориш мегуфт, ки боздоштшудагон дар Афғонистон дар ҷараёни ҳабсу бозпурсӣ таҳти шиканҷа қарор доранд. Аз 635 маҳбусе, ки СММ пурсидааст, 326 нафар, бо шумули 80 ноболиғ гуфтаанд, ки дар зиндон нисбат ба онҳо бадрафторӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG