Пайвандҳои дастрасӣ

Яҳёоғо: "Косово як воқеъияти раддношуданист"


Отифат Яҳёоғо

Отифат Яҳёоғо

Раисиҷумҳури Косово истиқлолияти ин сарзаминро амре “бебозгашт” номид ва гуфт, ҳадафи Косово акнун пайвастан ба узвияти ИА ва НАТО-ст. Отифат Яҳёоғо дар паёмаш дар солгарди панҷуми истиқлоли Косово аз Сербистон гуфт, “Ҷумҳурии Косово як воқеъияти раддношуданист.” Аз замони эълони истиқлолаш дар 17 феврали соли 2008, қариб 100 кишвар ин минтақаи умдатан албанинишинро ба расмият шинохтаанд. Белград то ҳол Косоворо як вилояти ҷанубиаш мешиносад, вале музокирот бо миёнҷигии ИА, ки аз марти соли 2011 идома дорад, равобити онҳоро каме гармтар кардааст ва рӯзи 6 феврал президентҳои Косовову Сербистон бори аввал дар Брюссел ба дидори ҳам рафтанд. Бино ба омори Бонки ҷаҳонӣ, аз 1,8 миллион сокини Косово сеякаш бо камтар аз 1 доллар даромади рӯзона ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG