Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 18 тоҷик дар корхонаи гӯшти Останкино


Пулиси Маскав бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии 18 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин муҳоҷирон, ки дар яке аз коргоҳҳои марбут ба корхонаи гӯшти Останкино дар гузари Огородний кору зиндагӣ мекарданд, ҳанӯз рӯзи 6 феврал боздошт шуданд. Бино ба хабарҳо, феълан масъалаи ихроҷи онҳо аз Русия баррасӣ мешавад.
Ҳамасола то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Соли гузашта онҳо ба ватан 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари 48 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG