Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шумори кушташудаҳо бар асари таркиши дирӯзаи бомб дар як бозор дар ҷанубуғарби Покистон ба 81 нафар расид. Пулис мегӯяд, теъдоди захмиён беш аз 160 нафар шуда, аксари қурбониён ҳазораҳои шиъа мебошанд. Масъулияти ҳамла дар бозори як минтақаи умдатан шиъанишин дар канори Квейта, маркази вилояти ошӯбзадаи Балуҷистонро гурӯҳи суннии Лашкари ҷангӣ бар ӯҳда гирифт. Ин хунинтарин ҳамла алайҳи шиъаҳои сокини ин минтақа аз замони бомбгузориҳои аввали сол аст, ки 86 кушта ба ҷо гузошта буд. Он ҳамлаҳо мунҷар ба чанд рӯзи эътирозҳое шуд, ки дар ниҳоят бо барканории ҳукумати маҳаллӣ анҷомид. Шиъаҳо дар Покистони аксаран суннитабор ҳадафи ҳамлаҳои афзояндаи гурӯҳҳои ҷангие қарор мегиранд, ки аҳли ташайюъро номусулмон ва муртад мешуморанд. Аксари шиъаҳои Квейта, аз ҷумла қурбониёни ҳамлаи ахир, ҳазораанд, ки беш аз як аср қабл аз Афғонистон ба Покистон кӯчидаанд.
XS
SM
MD
LG