Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 кушта бар асари ҳамла ба шиъаҳо дар Квейта


Таркиши бомб дар вилояти ошӯбзадаи Балуҷистон дар ҷанубуғарби Покистон дастикам 30 кушта ва 50 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳамла рӯзи шанбе дар бозори як минтақаи умдатан шиъанишин дар канори маркази вилоят – шаҳри Квейта- рух додааст. Мақомоти пулиси маҳаллӣ мегӯянд, аксари қурбониҳо шиъаҳоянд ва дар байни онҳо занону кӯдакон ҳам ҳастанд.
Шиъаҳо дар ин минтақа имсол ҳадафи ҳамлаҳои пайвастаи ҷангиёни суннӣ қарор мегиранд. Моҳе пеш дар ду бомбгузорӣ дар Балуҷистон беш аз 80 кас, ағлаб шиъаҳо, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG