Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳинд ба артиши Тоҷикистон чархбол ва 6 мошин дод


Ҳинд ба артиши Тоҷикистон як чархболи русии МИ-8 ва 6 мошини низомии боркаш дод. “Азия Плюс” хабар дод, ки расми эътои ин кумаки низомӣ ба маблағи умумии 5,5 миллион доллар рӯзи 16 феврал доир шудааст. Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар ин маросим гуфтааст, ки ҳамкории низомии Тоҷикистону Ҳинд ба нафъи амнияти минтақа хидмат мекунад.
XS
SM
MD
LG