Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Тоҷикистонро "баргардонданӣ" нест


Харитаи сиёсии Эрон
Харитаи сиёсии Эрон

Эрон баъди ду ҳафтаи моҷарое, ки аз даъвои як номзад ба интихоботи президентиаш бархост, билохира ба ин масъала вокуниши расмӣ нишон дод.

Сафири Эрон дар Арманистон Муҳаммад Раисӣ гуфтааст, оятуллоҳ Саид Муҳаммадбоқири Харрозӣ мақоми расмӣ нест, балки як рӯҳонист ва баёнияҳои ӯ сиёсати расмии Теҳронро мунъакис намекунад.

Оятуллоҳ Харрозӣ, ки аз азмаш барои ширкат дар интихоботи моҳи июни раёсатҷумҳурии Эрон дарак додааст, дар авоили моҳи феврал дар шарҳи барномаи худ гуфт, ки агар раисиҷумҳур шавад, тамоми сарзаминҳои аз Эрон ҷудошудаи Тоҷикистону Арманистон ва Озарбойҷонро бидуни «як қатра хунрезӣ» бар хоҳад гардонд.

Муҳаммад Раисӣ дар посух ба ин иддао гуфт, «Эрон кишвари озод аст ва ҳар нафар, ки субҳ бархест, ҳарчӣ дар забонаш омад, гуфта метавонад. Вале Эрон чунин қасд надорад. Мо тамомияти арзии кишварҳоро эҳтиром мекунем. Сиёсати расмии Эронро раисиҷумҳур ва вазири хориҷааш баён мекунанд.»

Даъвои оятуллоҳ Харрозӣ табъан ба вокуниши тунди Душанбеву Ереван ва Боку дучор шуд. Нахустин шуда, ба ин баёния вазорати хориҷаи Тоҷикистон посух дод ва онро бо сифатҳое, ба мисли “саргармии пешазинтихоботӣ”, иддаои “заминҷамъкунӣ”, “моҷароҷӯӣ”, “хилофи воқеъиятҳои асри 21” ва “ҳамла ба истиқлол”-у “навъе мудохила дар умури дохилии Тоҷикистон” қотеъона маҳкум кард.

Як мақоми вазорати хориҷаи Арманистон гуфт, ки Ереван сӯҳбатҳои оятуллоҳ Харрозиро ҷиддӣ намегирад ва умедвор аст, ки “раванди интихобот ӯро ҷиддитар кунад.” Элман Абдуллоев – сухангӯи вазорати хориҷаи Озарбойҷон – низ гуфт, шарҳи “баёнияҳои пур аз сафсата ва бебунёдро” барои худ ҳатто эб намебинад.

Аммо Алӣ Аҳмадов – дабири кулли ҳизби ҳокими Йенӣ Озарбойҷон дар вокуниш ба гуфтаҳои Харрозӣ изҳор дошт, ки “Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ мушкилоти бузурге дорад ва бояд фикри онро кунад, ки оё ҳадди ақал дар марзҳои
Изҳороти Оятуллоҳ Муҳаммадбоқири Харрозӣ дар ду ҳафтаи қабл, моҷароеро барангехт.
Изҳороти Оятуллоҳ Муҳаммадбоқири Харрозӣ дар ду ҳафтаи қабл, моҷароеро барангехт.
кунуниаш боқӣ хоҳад монд ё на. Бо назардошти чунин шароит, лаб ба даъвоҳое, ки тағйири харитаи сиёсии минтақаро ба ҳадаф доранд, кушодани нафаре, ки худро номзади воқеъӣ ба мақоми раисиҷумҳур мешуморад, сабуктар карда гӯем, аблаҳист.”

Ишораи Алӣ Аҳмадов зоҳиран ба ҷунбишҳои ҷудоиталаби ақалиятҳои қавмии курдҳо дар ғарби Эрону балуҷҳо дар ҷанубушарқ, арабҳо дар ҷануб ва озариҳо дар шимоли он кишвар аст, ки дар Курдистону Балуҷистон ҳатто ба муқовиматҳои мусаллаҳонаи чирикӣ печидаанд.

Оятуллоҳ Муҳаммадбоқири Харрозӣ, фарзанди як узви Шӯрои хибрагон, яке аз ниҳодҳои мутанаффиз дар сохтори низоми Ҷумҳурии исломӣ, ва бародарзодаи вазири собиқи хориҷаи Эрон Камоли Харрозист. Вале ӯ бо вуҷуди даъвоҳои пурсарусадояш, аз ҷумла дар бораи баргардондани Арманистону Озарбойҷону Тоҷикистон, ба домани Эрон, ё то 1000 туман пойин овардани қурби доллар, шахсияти зиёд шинохтаву мӯътабаре дар саҳнаи сиёсии Эрон нест ва шонси пирӯзӣ ва ҳатто сабти ном шудани ӯ барои ширкат дар интихоботи моҳи июнро бисёриҳо хеле ночиз мешуморанд.

Аммо ончӣ ки ин рӯҳонӣ дар бораи ба истилоҳ «заминҷамъкунӣ» задааст, баёнгари хости як қишри ҷомиаи Эрон аст, ки чун дар ҳар кишвари дигари пасосалтанатӣ орзуи эҳёи “Эрони бузург” дар қаламрави қадимаашро дар сар доранд. Ин салтанат як замон то ҳудудҳои кунунии Туркияву Миср, Осиёи марказиву ҷанубӣ ва ҳатто як қисми нимқораи Балкан дар Аврупоро фаро мегирифт.

Вале даврони салтанатҷӯиву салтанатсозиҳо кайҳо моли таърих шудааст ва доман задани чунин масоил дар шароити ҷаҳони муосир, тавре ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороташ баён кардааст, “хилофи воқеъиятҳои асри 21” ва дигар як “хаёли хом” аст.
XS
SM
MD
LG