Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди навбатии Блейк аз Душанбе


Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ Роберт Блейк рӯзи 20 феврал вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Блейк ба дунболи Ҳинд аз Душанбе боздид карда, дар баррасии нимсолаи мушовараҳои дуҷонибаи солонаи Тоҷикистону Амрико ширкат хоҳад варзид. Мулоқотҳои ӯ бо мақомоти аршади давлатӣ ва намояндагони маҳфилҳои тиҷорӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст. Нахустин мушовараи сиёсии Тоҷикистону Амрико моҳи феврали соли 2010 дар Вошингтон доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG