Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъват ба иқдоми ҷаҳонӣ дар масъалаи андоз


Аҳли нишасти G20 дар мулоқот бо В.Путин

Аҳли нишасти G20 дар мулоқот бо В.Путин

Вазирони молияи Бритониёву Фаронса ва Олмон мехоҳанд пуштибонии раҳбарони дигар аз даъвати онҳо ба таҳияи қоидаҳои ҷаҳонӣ алайҳи сарпечии ширкатҳо аз пардохти андозро ба даст биоранд. Ҷорҷ Озборн, Перр Московиси ва Волфганг Шойбл дар ҳошияи нишасти G20 дар Маскав гуфтанд, фурсати иқдоми дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда алайҳи чунин таҷруба расидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки давлатҳои ба камбуди пул гирифторшуда талош доранд, манбаъҳои нави пур кардани будҷаҳои худро пайдо кунанд. Пажӯҳиши ахири Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодии Аврупо нишон дод, ки фарқи қоидаҳои андозситонӣ ба ширкатҳо имкон медиҳад, фоидаҳои худро ба кишварҳое кӯчонанд, ки андозаш камтар аст.
XS
SM
MD
LG