Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх вазъи Сурияро “фалокатбор” номид


Перр Краеҳенбул

Перр Краеҳенбул

Салиби Сурх вазъи башарӣ дар Сурияро “фалокатбор” номид. Перр Краеҳенбул – як мақоми аршади Салиби Сурх гуфт, ин созмон ба хотири тазмини дастрасии ёриҳои башарӣ ба мардуме, ки қариб ду сол боз азоби ошӯби зидди раисиҷумҳур Башор Асадро мекашанд, бо ҳарду ҷониби низоъ кор мекунад. Низоъи Сурия то имрӯз ҳудуди 70 000 кушта ба ҷо гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, чирикиҳо мегӯянд, ки пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи Ҳалабро ба даст овардаанд. Ба гуфтаи фаъолон, ҳавопаймоҳои ҷангии давлат субҳи ҷумъа манотиқи атрофи ин фурудгоҳро бомббор карданд ва дар айни замон бар асари тӯпборони шаҳри Хоншайхун дар вилояти Идлиб аз сӯи тонкҳои режими Асад дастикам 11 мулкӣ ҷон бохтаанд. Бино ба хабарҳо, артиш маҳаллаи Ҷӯбор – як пойгоҳи чирикиҳо дар шарқи пойтахт, Димишқро низ бомббор кардааст.
XS
SM
MD
LG