Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Facebook гуфт, ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи ҳакерҳо қарор гирифтааст, вале ин ҳамла ба маълумоти ҷамъшуда дар ин пурмуштаритарин шабакаи иҷтимоии дунё осебе нарасондааст. Ба гуфтаи шабака, ходимонаш моҳи гузашта ба сомонае даромадаанд, ки ба бовари онҳо сомонаи рушди барномаҳои мобил аст, вале маълум шуд, ки ин сомона аз сӯи ҳакерҳо барои вуруд ба Facebook истифода шудааст. Афроди аз қазия огоҳ мегӯянд, ин ҳамла зоҳиран аз дохили Чин бархостааст. Ин эълон ба дунболи ҳамлаҳои интернетӣ ба Twitter ва сомонаҳои нашрияҳое, чун Тhe New York Times, Washington Post ва Wall Street Journal нашр шуд.
XS
SM
MD
LG