Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Афғонистон 53 миллион кВт барқ фурӯхтаанд


Тоҷикистон дар моҳи январ ба Афғонистон тақрибан 53 миллион киловатт нирӯи барқ фурӯхтааст. Бино ба иттилоъи Ожонси омор, ки “Азия Плюс” нашр кард, ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон назар ба моҳи аввали соли гузашта 2,3 маротиба афзудааст. Тоҷикистон ҳар киловатт барқашро ба ин кишвари ҳамҷавор ба қимати 3,57 сент фурӯхта, дар моҳи январ аз ин ҳисоб 643 000 доллар ба даст овардааст.
Тоҷикистон дар моҳи январ беш аз 1,5 миллиард киловатт нирӯи барқ тавлид кардааст, ки барои таъмини аҳолиаш кофӣ нест. Аз моҳи октябр то поёни апрел дар ин кишвар лимити шадиди барқ ҷорист ва ба истиснои шаҳрҳои бузург, ба боқӣ манотиқаш дар шабонарӯз ҳамагӣ 5 соат барқ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG