Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе истирдоди Абдуллоҷоновро дархост мекунад


Абдумалик Абдуллоҷонов

Абдумалик Абдуллоҷонов

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, тасмим гирифтааст, аз Украина расман истирдоди сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷоновро дархост кунад. Муовини аввали додситони кулл Абдуқодир Муҳаммадиев ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, асноди лозим дар чорчӯби Паймони Минск таҳия шуда, алакай рӯзи душанбе, 18 феврал ба Киев фиристода хоҳанд шуд. Оқои Муҳаммадиев гуфт, ин аснод бар пояи 60 ҷилди парвандаест, ки ҳанӯз соли 1998 дар ғайбаш алайҳи Абдуллоҷонов боз шудааст.
Абдуллоҷонов дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои сангине, чун таъсиси созмони ҷиноӣ, талоши ғасби қудрат, терроризм, диверсия ва дуздии пулу моли давлат айбдор мешавад. Ӯ рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Борисполи Украина бо дастури Интерпол, ки Абдуллоҷоновро аз соли 1997 таъқиб мекард, дастгир шуд ва то 18 март ба ҳабс гирифта шуд. Худи Абдуллоҷонов иттиҳомоти эълоншударо сиёсӣ хонда, гуфтааст, дар Амрико мақоми паноҳандагӣ дорад, ки ин истирдоди ӯро манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG