Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ Роберт Блейк, дар доираи як сафари минтақавии худ, ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии ИМА, қарор аст оқои Блейк рӯзи 20-уми феврал дар раъси як ҳайати амрикоӣ, ҷиҳати ширкат дар баррасии нимсолаи Мушовараи дуҷонибаи солонаи Тоҷикистону Амрико, вориди Душанбе шавад.

Тибқи иттилои ин манбаъ, интизор меравад дар ҷараёни ин сафар, ҷаноби Блейк бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, доираҳои соҳибкорӣ ва сарони ҷомеаи мадании кишвар дидору гуфтугӯҳо дошта бошад.

Сафари ёвари вазири умури хориҷии Амрико ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки то замони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҳудуди 2 соли дигар боқӣ мондааст ва Ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико кӯмакҳои низоми худ ба нерӯҳои марзбони тоҷикро бештар кардааст. Ахиран сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ба нерӯҳои марзбонии тоҷик 55 мошини хидматӣ ва таҷҳизоти дигари низомӣ тақдим кард

Ин кӯмак дар чорчӯби лоиҳаи «Амнияти марзҳо» аз сӯи сафорати ИМА дар Душанбе сурат гирифта, имкон медиҳад, то марзбонони тоҷик дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби он муқобила кунанд. Аммо таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз кишвари ҳамсоя дар соли 2014, аз ҳадафҳои аслии ин кӯмак унвон мешавад.

Зимнан, ҳазинаи кӯмаки ройгони ироашуда ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон тавассути ИМА маблағи беш аз 1 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ироаи ин кӯмак дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш низ аз сӯи ИМА ба вазорати корҳои дохилӣ 5 адад микроавтобус ва ду мошини сабукрав ба таври ройгон тақдим гардид.

Зимнан, ҳамкории низомии ИМА бо Тоҷикистон муддати 10 соли ахир идома дорад ва он дар чорчӯби баргузории давраҳои омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ, тармиму бозсозии иншоотҳо ва ироаи таҷҳизоти мухобиротӣ ва ғайра густариш пайдо кардааст.

ИМА аз соли 1993 то кунун ба Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар дар бахшҳои мухталиф, назири рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, маорифу беҳдошт ва амният кӯмак кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG