Пайвандҳои дастрасӣ

Кирми пилла дар Узбакистон барги чинӣ мехӯрад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, ки аз Чин 12 миллион ниҳоли тут бихарад ва бахши пиллапарвариро равнақ диҳад.

Бо вуҷуди ин ки дар бораи ҳазинаи иҷрои ин тарҳ хабар надодаанд, вале аз будҷаи соли 2013 барои ин кор маблағи зарурӣ ихтисос додаанд.

Коршиносони Узбакистон гуфтаанд, ниҳолҳои туте, ки аз Чин меоранд, соле ду бор барои хӯрондани кирми пилла шоху барг мезанад, дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо, аз ниҳолҳои худи Узбакистон як бор барои хӯрондани кирми пилла шоху барг мечинанд.Тибқи барномаҳои ҳукумати Узбакистон, ин ниҳолҳо то моҳи апрели соли 2013 аз Чин ба Узбакистон оварда ва дар майдонҳои махсус шинонда мешаванд. Ҳукумат барои ин кор вилояти Андиҷонро интихоб кардааст ва ниҳолҳо дар заминҳое шинонда мешаванд, ки ба корхонаҳои пахтатозакунӣ наздиканд.

Ҷамолиддин Тӯйчиев-мудири бахши кишоварзии донишгоҳи кишоварзии Андиҷон дар ин бора чунин мегӯяд: “Ҳар яке аз ҳамин 12 миллион ниҳол дар майдон дар масофаи 90 см аз якдигар шинонда мешаванд. Ин майдонҳоро дар аздикии корхонаҳои қабули пахта ҷудо мекунанд. Ҳадафи аслии ин кор ривоҷ додани пиллапарварӣ ва бо кор таъмин кардани коргарони мавсимиест, ки дар ҳамин корхонаҳо кор мекунанд”.

Ба гуфтаи ин донишманд, то расидани ҳосили пахта баҳорон ва дар аввали тобистон коргарони ин корхонаҳо тақрибан бекоранд ва дар ин марҳила онҳо метавонанд дар толорҳои мавҷудаи корхона ба пиллапарварӣ машғул шаванд. Ҳамзамон онҳо нигоҳубини ниҳолҳои нави чиноиро низ бар ӯҳда мегиранд. Тӯйчиев дар бораи хосияти ниҳолҳои чинӣ мегӯяд: “Фарқи ин ниҳолҳои тут аз ниҳолҳои мо ин аст, ки аз тутҳои мо дар як сол як бор барг мегиранд. Вале аз тутҳои Чин бори аввал баргашро мечинанд ва бори дуввум шохро як ҷо бо барг мезананд”.

Узбакистон соле 25 ҳазор тон нахи пилла ба даст меорад ва ҳар тоннаи он дар бозори ҷаҳонӣ 1500 доллар арзиш дорад. Бо вуҷуди ин пиллапарварӣ дар Узбакистон бахши зараровари кишоварзӣ дониста мешавад.

Дар Тоҷикистон низ чунин аст ва тавлидоти Тоҷикистон ба маротиб камтар мебошад. Ба ҳисоби миёна ин кишвар соле тақрибан якуним ҳазор тон пилла мегирад. Танҳо дар соли 1991 Тоҷикистон дар таърихи худ бештарин ҳосили пилларо ба даст овардааст ва он 4 528 тонро ташкил додааст. Ваҳоб Воҳидов-вазири пешини кишварзӣ ва коршиноси ин соҳа мегӯяд, соли 2012 дар Тоҷикистон 1350 тон нахи пилла ба даст овардаанд. Воҳидов мегӯяд: “Маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон ба даст меоранд, ҳатто фурӯшаш амри маҳол аст. Пиллапарварон тақрибан аз он даромаде намегиранд”.

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистону Узбакистон низ ниҳолҳои тут ду бор ҳосил медиҳанд, вале парвариши кирми пилла фақат дар охири баҳор дар назар гирифта шудааст, зеро ҳарорати ҳаво барои кирми пилла дар ҳамин мавсим мутобиқ аст. Марҳилаи дуввум, ки ба тобистон мусодиф меояд, ҳарорат баланд аст ва кирми пилла дар шароити баландтар аз 20-25 дараҷа гармӣ ҷон медиҳад. Агар марҳилаи дуввуми парвариши кирми пилла дар биноҳои дорои ҳарорати муносиб ташкил карда шавад, аз шоху барги ниҳолҳои маҳалии тут истифода кардан мумкин аст.

Вале Тоҷикистон барои фурӯши нахи пилла бо нархи муносиб бозор надорад. Бозорҳои ҷаҳонии пилла ҳоло дар зери назари кишварҳои бузурги тавлидкунандаи пилла, аз қабили Чину Ветнам ва кишварҳои дигари Осиёӣ қарор дорад ва онҳо нархро ҳамеша зери назари худ доранд.

Воҳидов мегӯяд, дар Тоҷикистон корхонаҳои абрешим ё шоҳиву атласбофӣ вуҷуд дорад ва Тоҷикистон метавонад матоъҳои абрешим ё шоҳии омодаро ба бозорҳо арза кунад, вале таваҷҷуҳ ба ин кор камтар шудааст: “Мо маҳсулоти хоми худро барои бофтани беҳтарин матоъҳо истифода намебарем. Вақтҳои охир истифодаи пилла хеле кам шудааст. Атласу шоҳиҳои Тоҷикистон ҳам хеле кам шудааст”.

Коршиносони кишварзӣ мегӯянд, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз лиҳози иқлим барои пиллапарварӣ муносиб аст ва аҳолӣ низ бо ин кор унс гирифтааст. Вале дар Тоҷикистон ононе, ки ба пиллапарварӣ машғул мешаванд, тақрибан даромади онро намебинанд. Барои ҳамин аз пиллапарварӣ худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG