Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди рафъи таҳрими тилло дар муқобили "Форду". Оё Эрон мепазирад?


Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд дар музокироти ҳастаии оянда бо Эрон, пешниҳод намоянд, ки дар ивази рафъи таҳрими тилло ва сангҳои қиматбаҳо, пойгоҳи ҳастаии "Форду»-ро бибандад.

Хабагузории Ройтерз аз нақли мақомоти ғарбӣ, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, гузориш додааст, ки шаш қудрати ҷаҳонӣ қасд доранд, ин пешниҳодро дар музокироти 26-уми феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, ба Эрон ироа намоянд.

Ба гуфтаи мақомоти ғарбӣ, ин пешниҳод «як тағйири нисбатан мухтасар» дар пешниҳодҳое аст, ки пештар шаш қудрати ҷаҳонӣ дар музокироти даври гузашта ба Эрон дода буданд.

Тибқи ин гузориш, мақомоти ғарбӣ ба Ройтерз гуфтаанд, тасмим надоранд як пешниҳоди бисёр ҳам мутафовит ба Эрон ироа намоянд, аз ҷумла ба ин хотир, ки шак доранд Эрон то пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июни соли равон, омадаи ноил шудан ба як тавофуқ бошад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пешниҳоди наве, ки қарор аст дар 26-уми феврал ироа шавад, ба таври рӯшан монанди пешниҳодҳои қаблӣ аст ва роҳе барои озмудани ин аст, ки оё эрониҳо ҷиддӣ ҳастанд ё на?»

Ройтерз навиштааст, ин мақомҳо ҳозир ба ироаи ҷузъиёти бештари дар бораи пешниҳоди мазкур нашудаанд, аммо ба гуфтаи яке аз онҳо, кишварҳои ғарбӣ қасд доранд ба Эрон мӯҳлати бештаре бидиҳанд то мутмаин шаванд, ки ин кишвар фаъолият дар пойгоҳи ҳастаии "Форду»-ро дертар оғоз намояд.

Бо рафъи таҳримҳои тилло ва дигар сангҳои қиматбаҳо, ин сангҳои нодир метавонанд ба унвони роҳе барои муомилоти поёнӣ истифода шаванд, ки ба Эрон иҷоза медиҳад таҳримҳои иқтисодии рӯ ба афзоишро аз худ дур бикунад.

Шӯрои Амняти СММ бо тасвиби қатъномае аз Эрон хостааст, ғанисозии ураниюмро мутаваққиф намояд. Теҳрон ҳозир ба ин кор нашуд ва СММ таҳримҳоеро алайҳи Эрон ҷорӣ кард. Илова бар ин, Амрико ва Аврупо низ ба таври якҷониба таҳримҳоеро алайҳи Эрон пеш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG